ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳои Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва вилоят бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт, Ғаффорзода Давлатҷон интихобкунандагонро бо номзад шинос карда, тарҷумаи ҳол ва кору фаъолияти номзадро муаррифӣ намуд. Номзадҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Иззатова Садбарг ва Саидҷамолзода Сайдамир дар бораи барномаи пешазинтихоботии худ сухан карда, ба саволҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд. Раиси Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҲХДТ, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ҳизб саҳми босазои худро гузошта истодааст.