ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии номзад ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт ва номзадҳои Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилояту ноҳия бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Шахси бовариноки номзад ба вакилӣ Ғаффорзода Давлатҷон ҷамъомадагонро бо шарҳи ҳоли номзад шинос намуд. Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт дар бораи барномаи пешазинтихоботии худ сухан карда, қайд намуд, ки бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013- ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст ва дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад. Номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳамадонӣ Замонов Мараҳим, Ҳанифаи Сайдаҳмад, Исматов Ҳабибуло ва Сайдмуминов Муқаддас барномаҳои пешазинтихоботии худро ба ҷамъомадагон шинос намуданд. Раиси Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ Давлатҷон Ғаффорзода зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо шаҳрвандон бо дарки масъулияти баланд намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоянд.