ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нозироти андоз” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат қайд карданд, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо муҳайё созем.Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ва ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудаанд.
Инчунин, дар охир вобаста ба самти ҷавонон суханронӣ карда шуда, зикр гардид, ки ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя дорад ва онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои муосир, ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.