БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ҶИЛАВГИРӢ АЗ ТАЪСИРИ АФКОРИ БЕГОНА

Фархор.   Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ташкилоти ибтидоии «Насими Фархор» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  иброз доштанд, ки мақсади асосӣ аз ташкили чорабинӣ ҷалби бештари таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба тақвияти мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷомеаи имрӯз, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъшуда ва қотеона маҳкум намудани зуҳуроти хатаровари терроризм ва экстремизм мебошад. Масъулин дар идомаи суҳбат  аз саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа таъкид карданд, ки дар ҳар Паём ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи муқовимат ба терроризм ва экстремизм ишора мешавад, ки мо бояд ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар ин самт сармашқи кори хеш қарор диҳем. Решаҳои терроризм ва экстремизм аз гузаштаҳои дури таърих маншаъ гирифта, аз давраҳои қадим, одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабӣ бо роҳи гумроҳ намудани ашхоси камсаводу сустирода ва таъсир расондан ба андешаю афкори аҳли ҷомеа мақсадҳои худро амалӣ карданӣ мешуданд.  Дар марҳилаи ҳозира низ амалҳои террористӣ сабаби ҳалокати одамони бегуноҳ мегарданд ва онҳо хусусияти сиёсиро ба худ гирифтаанд. Дар охир  аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки  нисбат ба тақдири ҳамсолони хеш бепарво набошанд ва барои ҷилавгирӣ аз таъсири афкори бегона, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии доман густурдани ғояҳои ифротии ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ, тарғиби ақидаҳои солим, андеша ва тафаккури миллӣ талош варзанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg