БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ МАРОМИ МОСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар  ташкилоти ибтидоии «Бобосафол»-и деҳоти Гулшан  вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Дар ҷамъомад масъулин дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд карданд, ки моҳияти омӯзиши интихобот, системаҳои интихоботӣ  навъу шаклҳои  он, ҳам аз ҷиҳати  назарявию методологӣ ва ҳам аз ҷиҳати  амалӣ  арзишманд мебошад. Аз ин хотир, дарки амиқу фаҳми дурусти хусусиятҳои  интихобот бениҳоят муҳим аст. Моро мебояд, ки бо фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ дар ин маъракаҳои тақдирсоз фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории  номзадҳои  арзанда  ва ба ҳизбе раъй диҳем, ки амалу фаъолияти он ва барномаи  пешниҳоднамудааш ҷавобгӯи ниёзҳои  мардуми кишвар бошад.

Дар ин самт, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  манбаъҳои хуби ташвиқотиро дар ихтиёр дорад. Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки фарогири тамоми  масоили  имрӯзаи ҷомеа аст, яке аз воситаи таъсирбахш дар интихобот  маҳсуб хоҳад шуд, бо ин далел, ки ниёзу  хостаҳои  мардумро  инъикос мекунад. Пас биёед, мавқеи  худро пешорӯи  интихоби  дуруст  муайян кунем ва ба иштибоҳи сиёсӣ, ки  қувваҳои  иртиҷоӣ метавонанд дар оянда аз он истифода кунанд, роҳ надиҳем. Пирӯзии нерӯи солим дар интихобот пирӯзии ақли солим аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg