БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ОМИЛИ МУСОИДАТКУНАНДА БА ПЕШРАФТИ КИШВАР

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 масулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №10» мулоқот баргузор намуданд.

Дар маҷлиси намояндагони ҳизбӣ баён доштанд, ки то имрӯз 46 участкаи интихоботӣ дар ноҳияи Фархор ва 16 участка дар ноҳияи Панҷ барои овоздиҳӣ пурра омода мебошанд. Тибқи ҳисоботҳои пешакӣ шумораи раъйдиҳандагон 120 ҳазору 379 нафарро ташкил медиҳад. Дар асоси талаботи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон таъсис дода шуда, шумораи интихобкунандагон, макони ҷойгиршавӣ ва ҳудуди онҳо муайян ва дар матбуоти маҳаллӣ ба нашр расиданд. Аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, бо қонунҳои конститутсионӣ, санадҳои дахлдор, маводи конселярӣ, буклету тақвиму варақаҳо, мусаввараю шиору овезаҳо ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин гардиданд. Бино ба гуфтаи раис, бо дастури КМИР, мутобиқи талаботи қонунгузорӣ аз ҳисоби шахсони масъул ва обрӯманди вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, доир ба интихоботи дарпешистода, бо овоздиҳандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg