БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИРКАТ ДАР ИНТИХОБОТ - ИН САҲМГУЗОРӢ ДАР РУШДИ МИНБАЪДАИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА МЕБОШАД !

Темурмалик. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии   ҲХДТ  ва  номзади  ҲХДТ  ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлиси  маҳаллии  вакилони  халқ   вохӯрии  навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар  ташкилоти ибтидоии “КФДХМК”      баргузор  гардид. 

Дар мулоқот  иброз  гардид,  ки  танҳо дар  се  соли  охир  тибқи  нақшаи  корҳои  ободониву  бунёдкорӣ ба  истиқболи  30- солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  дар  шаҳру  деҳоти  кишвар  аз  ҳисоби  соҳибкорону  шахсони  саховатпеша  ва  аҳолӣ  1450  километр  роҳҳои  ҷумҳуриявию  маҳаллӣ  ва  108  пул  бунёду  таҷдид  карда  шуданд.     Чунин  корҳо,  ки гувоҳи  фаъолнокии  баланди  мардуми  кишвар  ба  хотири  ояндаи  неки  Ватани  маҳбубамон  ба  ҳисоб  мераванд,  ҳоло  бомаром  идома  доранд.    

Ҳамзамон  қайд  карда шуд,  ки  ҲХДТ  ҷомеаи  шаҳрвандиро  марҳилаи  олии  рушду  инкишоф  ва  яке  аз  шаклҳои  ҳамраъйиву  ҳамкории  инсонӣ  ва  асоси  устувории  давлат  ҳисобида,  барои  баланд  бардоштани  нақшу  ҷойгоҳи  он  дар  байни  аҳолӣ  корҳои  фаҳмондадиҳиро  ба роҳ мондааст, ки ин аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg