ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ” вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто, мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем. Ҳамчунин дар идомаи суҳбат қайд гардид, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озодии мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи Истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.
Сипас, дар ин раванд вобаста ба муҳтавои Паёми навбатӣ ва маъракаи муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ карда шуда, ҷамъомадагон барои фаъолона иштирок намудан дар рӯзи интихобот даъват карда шуданд.