ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати баррасӣ намудани самтҳои асосии афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон шудани соли 2020 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Сабзиҳарф» хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сурат гирифта, дар он масъалаҳои мумбрами рӯз сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ андешаҳои худро баён карданд.