ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Кулдоман ” мулоқот баргузор гардид.
Зимни суханронӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва маъракаи муҳими дарпешистода интихоботи парлумонӣ ибрози андеша намуданд. Хотиррасон шуд, ки интихоботи вакилон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, иштирок дар он ба ҳаёти кишвар бетараф набуданро нишон медиҳад.
Зимнан, қайд шуд, ки Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ шуда, ба ҳадафҳои олии ҳизб созгор мебошад ва барои беҳтар гардидани шароити зиндагонии сокинони деҳот равона шудааст.