БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶРОИ ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ ҲИЗБИЁН

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Басо рамзист, ки баргузории вохӯриҳо дар раванди омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо қарор доранд.

Дар хониши сиёсие, ки бо роҳандозии намояндагони ҳизбии ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Бурхиён” баргузор гардид, вазифаҳои ҳизбиён оид ба амалӣ намудани нуктаҳои Паём тавсияҳои судманд дода шуданд. Ҳамзамон дар бораи татбиқи амалии  Аксияи «Якҷоя ҳал мекунем!», ки аз соли 2018 идома дорад, андешаронӣ шуд.

Иловатан қайд шуд, ки иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифтихори ҳизбиён мебошад. Ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ андешаҳои худро баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg