БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МУАЙЯНКУНАНДАИ РУШДИ ҶОМЕА

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии "Туғмазор" бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот доир карда шуд.

Зимнан масъулин оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва масъалаи ташвишовари ҷомеаи имрӯза, яъне терроризму эктремизм, вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҷонии ҳар яки мо буда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, тарбияи насли наврас, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона талош варзем.

Дар баробари ин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоботи парлумонӣ, ки санаи якуми марти соли ҷорӣ  баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg