БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲАМЧУН ЧАРОҒИ РОҲНАМО ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳхурии Тоҷикистон, ки аз 26.12.2019 бармеояд, дар ташкилот ибтидоии  «Нурафшон»-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо иштироки кормандони масъули Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин   оид ба нуктаҳхои мҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда, қайд карданд, ки  Паёми Президенти кишвар ба макомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои стратегии давлатие мебошад, ки ҳар сол бо шукуҳу шабоҳати хос ироа мегардад. Дар Паёми навбатӣ аз натиҷаи кори мақомотҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуда,  зикр гардид, ки “соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд”. Инчунин, қайд карда шуд, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg