БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаи масъулиятнок – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзодаро муносиб донистанд. Раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 21-уми феврал дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор шуд, ба аъзои Кумитаи иҷроия муаррифӣ гардид. 

Миралиён Қиёмиддин соли 1977 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Донишгоҳи  давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро соли 1999 бо ихтисоси омӯзгори фанни математика хатм карда, фаъолияти меҳнатияш аз ҳамон сол шурӯъ мегардад. Дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ бошарафона кору фаъолият кардааст. Фаъолияти корияшро аз ассистенти кафедраи математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи  Носири Хусрав оғоз карда, аз вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроия таъйин гардид. Профессор, доктори илмҳои сиёсӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бинобар сабаби ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озод гардид.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg