
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Авранг" бо мақсади тарғиби маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи парлумонӣ ва муаррифии Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти унвони "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум" мулоқот баргузор гардид.
Нахуст кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, иброз намуданд, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо дар моҳи март яке аз маъракаҳои муҳимми сиёсӣ дар соли равон хоҳад буд. Феълан, ҷараёни омодагиҳо ба интихобот дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома доранд. Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар маъракаҳои интихоботӣ бо дарки масъулияти баланд иштирок варзанд.