БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР АСТ!

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги  ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб вохӯрии номзади пешниҳоднамудаи  ҲХДТ  ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37, Шарифҷон Ҳакимзода бо иштироки  васеи интихобкунандагон баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо суханони ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу- номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон  оғоз гардида, номбурда зикр дошт, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1 марти соли равон интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир мегардад ва иштироки шаҳрвандонро дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ҳатмӣ арзёбӣ намуд. Инчунин, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович  ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд. Пас аз муаррифии номзад аз ҷониби шахсони боэътимод бо аҳли толор  Ҳакимзода Шариф Саидович ба сухан баромада, бобати барномаи пешазинтихоботии хеш  ва мушкилотҳои ҳалталаб  ибрози назар намуд. Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот бо номзад суолҳо дода, ҷавобҳои пурра гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg