БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТИ ДАРМОНДАГОНРО ГИРИФТАН ҶАВОНМАРДИСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дастгирии ятимону бепарасторон  яке  аз  бахшҳои Барномавии ҲХДТ ба ҳисоб меравад, ин қишри ҷомеа дар мадди назари Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

Дар доираи ин сиёсати созандаи иҷтимоӣ  аз ҷониби  аъзои  фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳбари ташкилоти ибтидоии “Адолат” Назирмадзода Даврон Назирмад        икдоми накӯ  роҳандозӣ шуд.

Ду нафар сокини  шаҳри  Кўлоб, ки  модарзод   аз пои равон маҳрум буданд аз ҷониби шахси саховатпеша  раиси ташкилоти ибтидоии “Адолат ” Назирмадзода Даврон соҳиби аробачаи нав гардиданд, ки мушкилоти онҳоро то андозае осон мегардонад. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу дар ин иқдом  ӯро ҳамроҳӣ намуда, афзуд, ки    чунин иқдоми Назирмадзода Даврон бори аввал набуда, мавсуф чанд соли охир чунин иқдомро роҳандозӣ карда истодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg