
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷрои яи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр барои дарёфти «Ҷоми ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб» мусобиқаи шоҳмот баргузор гардида истодааст.
Бо дар назардошти ин, дар миёни хонандагони МТМУ №1 мусобиқаи мазкур оғоз ёфта, иштирокчиёнро намояндаи Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насим Саидов самимона табрик намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаи мазкурро роҳбари маҳфили “ Шоҳмот”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Боймуродов Мирзохӯҷа чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Шашка” ҳакамӣ намуда, ғолибонро ба даври навбатӣ роҳхат медиҳад.
Чорабинии мазкур то моҳи май идома ёфта, дар арафаи рӯзи ҷавонон ҷамъбаст карда мешавад. Ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.