БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР СИТОД МАСЪАЛАИ ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ БА ТАВРИ ҶИДДӢ МУҲОКИМА КАРДА ШУД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Ситоди ноҳиявии ҲХДТ ҷаласаи навбатии ситоди ноҳиявӣ бо иштироки аъзои он баргузор гардид, ки дар  он масъалаи омодагӣ  ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба таври ҷиддӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд

Ҷаласаи ситодро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, раиси Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ Халилзода Сафар Хоҷа кушода, қайд намуд, ки  Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ баъди таъсисёбиаш барои дар сатҳи баланди сиёсӣ, дар асоси қонун шаффоф, озод ва демократӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ корҳои муайянеро ба иҷро расонидааст.          

Мавсуф дар идома қайд намуд, ки давраи таблиғи фаъолият ва барномаҳои пешазинтихоботии  номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  фаро расидааст. Дар рӯзҳои боқимонда ба интихобот  мебояд,  ки  аъзои ситод   алоқаро  бо маркази Ситоди пешазинтихоботӣ мустаҳкам намуда,  корро   тарзе ташкил намоянд, ки фаъолияти онҳо  ба баргузории интихоботи шаффоф, озод ва демократӣ мусоидат намояд, - қайд намуд ӯ.    

Дар ҷаласаи ситод муовини раиси ситод,  раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам баромад намуда, ба аъзоёни ситод барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ маслиҳатҳои муфид дод.  Қайд намуд, ки  интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ,  вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ  ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад. Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳи дигар таҳмил намояд.

Мувофиқи талаботи  қонунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ, масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ мебошанд, инчунин, шаҳрвандони алоҳидаи худпешбаришуда, ки барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош мекунанд, вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд. 

Дар ин давра  мо  аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ  бояд корро тарзе ташкил намоем, ки дар баргузории интихобот савҳу хатое сар назанад ва шаҳрвандон тавонанд дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg