БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА ИНТИХОБОТ ҲАМАТАРАФА ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Аъзои ташкилоти ибтидоии “Чуқурак” -и Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода - интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. 

 Дар вохӯрие, ки ҷиҳати омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ба интихобкунандагон изҳор  доштанд.

Интихобкунандагон бо пурсиши чаро ба тарафдории ҲХДТ ва номзадҳои он овоз доданашонро шарҳ дода, қйд намуданд, ки дар Барномаи пешазинтхоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -  2025 рушди кишвар, пешрафту тараққиёти соҳаҳои асосии хоҷагии халқ  ва боз ҳам беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати зиндагии худро бараъло мебинанд.

Дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии соҳибкор, узви фаъоли ҲХДТ Бобохӯҷа Нуралиев ба шахси ниёзманди ҷомеа Ятимов Қурбоналӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg