БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОВОЗИ ТУ ДАР ИНТИХОБОТ ҲАЛКУНАНДА АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар  ташкилоти ибтидоии “Сомониён”-и ҷамоати деҳоти Фахробод ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар маҷлис масъулин вобаста ба  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он андешаронӣ карда,  қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.

Дар охир ҷамъомадагон  барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани  маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳидоят карда шуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg