БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУБОТУ ОРОМИИ ҶОМЕА БАРТАРУ БОЛОТАР АЗ ТАМОМИ ДИГАР АРЗИШҲО МЕБОШАНД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар  ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат-2”-и ҷамоати деҳоти Ғаллаобод  ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода шуда, аз ҷумла, қайд карда шуд, ки марҳилаи нави фаъолият дар назди мо вазифаҳои нав ва дар айни замон, албатта, идома додани раванди ислоҳотеро мегузорад, ки солҳо дар ин роҳ нерӯи моддиву зеҳнии фаъолони ҳизбу аҳли ҷомеа сарф шудааст ва набояд аз ташаккул боз истанд. Ба ин хотир дар Барномаи ҲХДТ барои солҳои  2020-2025 дар ин самт 3 вазифаи ҷонӣ ҳамчун қарзи виҷдонӣ дар назди шаҳрвандони кишвар, аъзои ҲХДТ гузошта шудааст, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар, суботу оромии ҷомеа бартару болотар аз тамоми дигар арзишҳо мебошанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg