
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои ҳизб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо аъзои ташкилоти ибтидоии 44-чашмаи ноҳияи Носири Хусрав ва интихобкунандагони участкаи интихоботии №13 вохӯрӣ баргузор карданд. Масъулини Кумитаи иҷроия ба интихобкунандагон муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро шарҳ доданд, ки мақсаду мароми он рушди устувори бомароми мамлакат мебошад. Аз ҳамаи интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки ба тарфдории номзадҳои арзанда овоз диҳанд.
Намояндаи гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳия номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳавзаи интихоботии № 13 Дурманова Ҳуснияро ба интихобкунандагон шинос кард.