БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайдалӣ Вализода» бо интихобкунандагон  вохӯрӣ баргузор карданд.

Масъулин дар рафти чорабинӣ аз ҷумла иброз доштанд, ки инсонҳои соҳибмаърифат ҳаёти худро бе китоб тасаввур карда наметавонанд. Суҳбат бо ин гуна инсонҳо пурмаъно, дилкаш, ҷолибу пурмуҳтаво аст. Ин гуна инсонҳо сухани тозаву бадеъ гуфтану тоза нигоҳ доштани забони адабиро шараф медонанд. Мутаассифона, боз ҳастанд шахсоне, ки китобу рӯзнома намехонанд.

Иброз доштанд, ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел, шоири бузурги форсу тоҷик, Абдураҳмони Ҷомӣ китобро “Фурӯғи субҳи доноӣ” ба қалам додааст.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg