ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон» бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор карданд.
Зимнан масъулин оид ба мавӯъҳои болозикр муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат, Роҳбарияти олии кишвар, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар хусуси зуҳуроти коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи мубрам ва ҳалталаби рӯз дониста, як қатор санадҳои меъёрии ҳуҳуқӣ ва чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсиониро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳрезӣ ва амалӣ намудаанд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло масъулин ба аҳли ҷамъомад таъкид намуданд, ки новобаста аз муборизаи зиддикоррупсионии мақомотҳои қудратӣ, аҳли ҷомеа дар масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия фаъолнокии худро нишон дода, дар ин самт ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия ҷоннок намоянд.