А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти умумии №6-и ноҳияи А.Ҷомӣ роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи мазкур бо хонандагони синфҳои болоӣ оид ба фаҳмонидани моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, хусусан истифодаи дурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи қонунҳои милӣ аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамчунин доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ ташкил карданд.
Дар вохӯрӣ ҷавонон бо ҳисси ифтихор аз зодаи даврони Истиқлолият ва пайравони асили Пешвои миллат будан, иброз намуданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона намуда, ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овоз медиҳанд. Ҷавонон қавл доданд, ки соҳибилм ва соҳибкасб гардида, ободгари ватану меҳани худ мегарданд.