Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон» бо аъзову кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар ҷаласа намояндагони ҳизбӣ доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар самти сиёсати ҷавонон суҳбат намуда, қайд карданд,ки ҲХДТ барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Инчунин, қайд гардид, ки ҲХДТ талош меварзад, ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои таҳсилот самаранок истифода намояд.
Маҷлиси мазкур бо муаррифии номзадҳои арзандаи ҲХДТ ҷамъбаст гардид.