Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии номзадҳо Раҳимзода Саъдулло Абдулло аз ҲХДТ ва Абдуллоев Меъроҷ, ки аз ҳисоби Ҳизби Коммунистии Точикистон аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод- №38 ба вакилии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаанд, доир гардид.
Табаров Раҷабалӣ раиси ҳавзаи интихоботии Муъминобод №38 бо суханони худшиносиву меҳри ватанпарварӣ ва бо дарки баланди масъулиятпазирӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии мамлакат ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, минбари суханро ба шахсони боэътимоди номзадҳо вогузошт.
Бо навбат шахсони боэътимоди номзадҳо ҳозиринро бо ҳаёту фаъолият ва барномаҳои пешазинтихоботиии номзадҳо ошно сохта, аз интихобкунандагон барои интихоби номзадҳои арзанда даъват карданд.
Қисмати фарҷоми вохӯрӣ бо пурсишу посухи тарафайн ҷамъбаст гардид.