БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Нисбати раванди бусуръати созандагию ободонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки "Танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бо маром идома доранд".
Таҷдид ва аз навсозии роҳу пулҳо дар ноҳияи Балҷувон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша ба ҳукми анъана даромадааст.
Пурра азнавсозии роҳи мошингард аз деҳаи Сари Мазор то деҳаи Чорбоғ ва дар ин масир сохтани данба ба хотири эмин мондани роҳ аз шустани сел, намунаи дигаре аз амалҳои созандаи соҳибкорон ва мардони саховатпешаи ноҳия ба ҳисоб меравад.
Дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем" дар ноҳия корҳои назарас амалӣ гашта истодаанд.