БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВИЛОЯТ. Дар толори Донишгоҳи давлатии  Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гашт. Дар кори маҷлис  муовини аввали Раиси ҲХДТ Азизи Абдуҷабор, аъзои кумиати иҷроияи вилоятӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта,  масъалаи тағйироти кадрӣ ва омодагӣ ба интихоботӣ вакилон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Ворид намудани тағйирот  ба ҳайъати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ворид намудани тағйирот ба ҳайъати раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, озод намудани  раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон, интихоби раиси Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар вилоят, тасдиқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва рафти корҳои таблиғотии пешазинтихоботӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки дар рӯзномаи маҷлис баррасӣ шуданд.

  Дар баромади Азизи Абдуҷаббор, муовини  якуми Раиси ҲХДТ масъалаҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. 

Раҳмонзода Абдулло ва Қурбозода Ҳилолбӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон ва берун аз ҳудуди вилоят иқомат доштанашон аз ҳайъати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озод гашта, ба ҷои ҳайъати озодшуда Миралиён Қиёмиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саломзода Сиҷовиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар ба  ҳайъат ворид шуданд.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бинобар сабаби дар вазифаи Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданашон аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озод шуда, дар ин вазифаи масъулиятнок  Миралиён Қиёмиддин таъйин гаштанд.

Мираллиён Қиёмиддин соли 1977  дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Донишгоҳи  давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси  математик соли 1999 хатм карда, фаъолияти меҳнатиаш аз ҳамон сол шурӯъ мегардад. Дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ бошарафона кору фаъолият кардааст. Фаъолияти корияшро аз ассистенти кафедраи математикаи Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи номи Носири Хусрав оғоз карда, аз вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба вазифаи раси Кумитаи иҷроия таъйин гардид.  Бо унвони доктори илм мушарраф мебошад.

Вобаста ба масъалаи  рафти корҳои таблиғотии пешазинтихоботӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло назди иштирокдорон баромад карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg