БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ БЕВОСИТАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Вохӯриҳову  шиносоии номзадҳои номзадҳо  бо интихобкунандагон  дар  Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки   роҳбарияти  Кумитаи иҷроия,   номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,  раиси комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоби  вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар ҳавзаи №28 баргузор гардид.

Нахуст  дар мулоқот қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон оид ба интихобот зикр намуданд, ки “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ  тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад.”

Ҳамзамон масъулин ба ҳамагон  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро барои солҳои 2020-2025 шинос намуда,   мардумро  барои иштироки фаъолона дар интихоботи дарпешистода ва ба таври шаффоф, озод ва демократӣ гузаронидан даъват карданд.

Дар ин вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи № 28-и  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло шарҳи ҳол ва кору фаъолияти номзади мазкурро ба мардум муаррифӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg