БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ВАСИЛАИ МУҲИМИ ПЕШРАФТУ ОБОДИИ КИШВАР АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Тутзор”-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 ва Ҳасанзода Тағоймурод раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни сокинон вохӯрӣ ва шиносоӣ бо номзад доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025  ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби вакил ва шахсони масъули ҳизбӣ суханронӣ карда шуд.

Дар суханронӣ оид ба ироаи Паём Ҳасанзода Тағоймурод баромад намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, барои пешравии илму техника, маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар самтҳо равона гардидааст. Дар идомаи суҳбат номзад Шарофзода Гавҳар бо мардум дар бораи барномааш корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳар як қисми онро шарҳу тавзеҳ дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg