Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Бешкаппа -3” участкаи интихоботии № 22 ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони ноҳия бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба маълумоти муфассал пешниҳод карда, таъкид намуданд, ки дар Паёми имсолаи худ Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст». Ҳамин аст, ки инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст. Масъалаи мактабу маориф дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ низ мақоми махсусро ишғол менамояд. Бо назардошти ин ҳамасола дар Буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида, шароиту имконияти омӯзгор беҳтару хубтар мегардад.
Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи №22 соҳибкори муваффақ Бобоев Умедро ба интихобкунандагон шинос намуданд. Номзад зимни ибрози андеша дар бораи Барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма гирифтааст, таҳия намуда, ба интихобкунандагон шарҳу тавзеҳ дода, нақшаҳои пешазинтихоботии худро пешниҳоди интихобкунандагон гардонид. Дар охир оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо пешниҳоди интихобкунандагон ва дастгирии вакили пешбаришуда барои баровардани оби полезӣ ба заминҳои кишт дар ҳудуди деҳа дастгоҳи обкашӣ васл карда шуд.