БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ИДОМА ДОРАНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  “Бешкаппа -2”-и  участкаи  интихоботии  №  20  ноҳияи  Носири  Хусрав вохӯрии  номзад  ба  вакилии  Маҷлиси  вакилони  ноҳия  бо  интихобкунандагон  баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ вобаста ба  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ  ва  номзадҳои  он  андешаронӣ карда, таъкид карданд, ки   дар  Паёми имсолаи  худ   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон қайд  намуданд, ки  дар кишварамон   паёомадҳои  манфии   тағйирёбии   иқлим  ба  соҳаи  кишоварзӣ  афзуда  истодааст.  Азхудкунии  заминҳои  нави  обёришаванда,  барқарорсозии  заминҳои  аз  гардиши  кишоварзӣ берунмондаро   ба  роҳ  монда,  аз  технологияҳои  каммасраф дар  соҳаи  кишоварзӣ  ва  ҳифзи  захираҳои  об тадбирҳои  доимӣ  андешем.

Ситоди  пешазинтихоботии  ноҳиявӣ номзад  ба  вакилии  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия аз  ҳавзаи  №20 котиби  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз    Ҷумаев  Бахтибек ро   ба  интихобкунандагон шинос  намуд.  Номзад  дар суханронии хеш  аз моҳияти  Барномаи  пешазинтихоботии  худ, ки  аз Барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ сарчашма мегирад, ёдовар шуда,барномаи худро   таҳия  намудааст,  ба  таври муфассал шарҳу  тавзеҳ  дод.   

Дар қисмати амалии чорабинӣ дар доираи Аксияи ҳизбии   «Якҷоя  ҳал  мекунем!» бо  пешниҳоди  интихобкунандагон  ва  дастгирии  вакили  пешбаришуда  кӯпруки  деҳа дастаҷаъмона  таъмир  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg