БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ ХУДРО ИНТИХОБ НАМО!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар  ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод-3”-и ҷамоати деҳоти Ғаллаобод  ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот масъулин дар бораи  бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.

Ҳамчунин, дар идома  нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти мамлакат шарҳ дода шуда, иброз гардид, ки Паёми Президенти кишвар пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобар ин ҳар яки мо аз Паём вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он талош варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg