БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҲХДТ ОВОЗ ДОДАН БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ХУД ОВОЗ ДОДАН АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар  ташкилоти ибтидоии “Коммунизм”-и ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот мавсуф  дар назди ҳозирин баромад намуда, нухуст  бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.

Сипас, самтҳои муҳими  Паёми Президенти мамлакат ба дарки ҳамагон расонида шуда, иброз гардид, ки Паёми имсола пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобар ин ҳар як фарди ватандӯст аз Паём вазифаҳои худро гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он тамоми тадбирҳоро андешад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg