ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал”-и ба номи Сайдаҳмад Каримови ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар мулоқот аъзои Ситоди пешазинтихоботи ҲХДТ оид ба моҳияти Барноми пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 ва Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар Паём иброз доштанд, ки дар самти муҳити зист, истифодаи захириҳои оби тозаи ошомиданӣ ва баҳри пешгирӣ аз вайрон гаштани мувозинати экологӣ ва шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз моро зарур аст, ки кӯшиши зиёд намоем.