ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии об” бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, номзадҳои он, ҳамчунин Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар назди интихобкунандагон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, номзадҳои пешбаринамудаи он ва Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дода, қайд намуданд, ки дар интихобот иштирок намуда, ҳар шахс ояндаи худро интихоб менамояд.
Сипас, чанде аз интихобкунандагон фикри худро нисбати номзадҳои пешбаригадида ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баён доштанд.
Дар охир аъзои ташкилот ҷиҳати роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба аёдати корманди муассиса Одинаев Сайдаҳмад рафта, аз ҳолу аҳволаш бохабар гардиданд.