БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА СОҲАҲОИ ИЛМУ МАОРИФ АҲАМИЯТИ АВВАЛИНДАРАҶА ДОДА МЕШАВАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзои ташкилоти ибтидои ҳизбии “Чойлобкамар” баргузор гашт ва дар он Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуданд.

Масъулон қайд доштанд, ки дар марҳалаи кунунӣ ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Зикр шуд, ки аз ҷумла дар соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

 

  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg