БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҲУҚУҚИ КОНСТИТУТСИОНИИ ШАҲРВАНДОН АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади  шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 –2025 масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти идтидоии «Ҳомиён»-и деҳаи Ботур Давлатови Ҷамоати деҳоти Ғайрат мулоқот баргузор намуданд.

Дар мулоқот масъулини кумитаи иҷроия суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳодҳо ва унсурҳои муайяне мавҷуданд, ки барои рушди ҷомеаю давлат, устувории пояҳои давлатдорӣ, таъмини субот, некӯаҳволии мардум, амалисозии муносиби вазифаҳо ва ҳадафҳои давлат мусоидат менамоянд. Яке аз ин падидаҳо интихобот аст, ки дар заминаи он мақомоти давлатӣ ташаккул ёфта, иштироки шаҳрвандонро дар ин раванд таъмин менамояд. Албатта, иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд мебошад. Бо ҳамин мазмун, ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷойгоҳи хоса дошта, имкони иштироки онҳоро дар идораи ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg