ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020–2025 ва номзадҳои он ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навободи боло»-и деҳоти Зафар мулоқот баргузор намуданд.
Дар мулоқот нотиқон иброз доштанд, ки марҳилаи нави фаъолият дар назди мо вазифаҳои нав аз ҷумла дар айни замон идома додани раванди ислоҳотеро мегузорад, ки солҳо дар ин роҳ неруи моддиву зеҳнии фаъолони ҳизбу аҳли ҷомеа сарф шудаааст ва набояд аз ташаккул боз истанд.
Инчунин, нотиқон сифатҳои мусбати номзадҳоеро, ки дар ин минтақа аз тарафи ҲХДТ пешбарӣ шудаанд ва ҳамзамон номзад ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистонро шарҳ доданд.