БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ПРИНСИПИ АСОСИИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Миразор”–и Ҷамоати деҳоти Ватан мулоқот баргузор намуданд.

Дар мулоқот масъулон вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи дарпешистода ибрози назар карда, қайд намуданд, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ вазифаҳои гуногун дошта, он дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро мекунад. Амалӣ гардонидани  чунин вазифаҳо боис мегардад, ки  минъбад дар ҷомеа суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди  инфрасохторҳои муҳими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир бошад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин маъракаи  муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби вакилон муайян созанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg