БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ БАРОИ ОЯНДАМОН

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади таъмини иштироки фаъол ва озодонаи интихобкунандагон дар маъракаи интихобот дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботиро вобаста ба мазмуну моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ба роҳ монда, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ «Зиёратшоҳ» -и  Ҷамоати деҳоти Ғайрат  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар назди ҳозирин  қайд намуданд, ки интихобот дар раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият нишон дода шудааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилон амалӣ мегардонанд. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиятҳои хеш интихоб менамоянд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg