ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №5» оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 мулоқот баргузор намуданд.
Масъулин дар суҳбат оид ба соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҲХДТ ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.
Ҳамзамон оид ба беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан, барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот ба роҳбарият ва масъулини соҳа дастурҳо дода шуданд.
Инчунин, иброз гардид, ки шурӯъ аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин мамлакат хабар доданд. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карда, ба хулосае омаданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад.
Имрӯз ҳолатҳои сироятии коронавирус ғайр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 23 кишвари дигар дида мешаванд. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ авҷ гирифтани бемории мазкурро чун ҳолати фавқулоддаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф намудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо ҷалби доираи васеи коршиносон тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро таҳия намудааст.
Аз ин лиҳоз кормандони соҳаро зарур аст, ки ба ҳама ҳолат омода бошанд ва ҳама лавозимоти зарӯриро ҷамъоварӣ намоянд.