ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №4» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар ин мулоқот нотиқон сараввал оид ба сифатҳои мусбати номзаде, ки аз тариқи Конференсияи якҷояи ноҳияҳои Фархору Панҷ пешбарӣ шудаааст, сухан ронданд.
Ҳамзамон, нотикон оид ба аҳамияти таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 суханронӣ карданд.