БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИТОДИ НАВБАТИИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК ДОИР ГАРДИД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди навбатии пешазинтихоботӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  баргузор гардид.

Дар ситод масъалаҳое, ки дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳисоботи аъзои ситод дар самти омодагиҳо ба интихоботи  дарпешистода шунида шуд.

Бояд зикр намуд, ки ситоди Кумитаи иҷроияи  шаҳрии ҲХДТ иборат аз аъзои фаъоли ҳизб буда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор гаштани интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондаанд.

Инчунин, зимни суханронӣ зикр гардид, ки ҲХДТ бо Барномаи пешазинтихоботии худ бо фарогирии самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025 зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар интихобот ширкат варзида, номзадҳои арзандани худро ба намояндагӣ пешниҳод менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg