БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОНУ ҶАВОНОН ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТАНД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намяндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии «Иқбол» бо сокинон хониши сиёсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  доир гардид.

Зимни вохӯри қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ба занону ҷавонон ва ҳаёту фаъолияти онҳо ҳамчун қувваи пешбаранда ва ояндаи миллату давлат аҳамияти махсус зоҳир гардид ва ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ доштани ҷавонон гарави амнияту осоиш ва пешрафти ҷомеа дониста шуд.

Инчунин, аз ҷониби масъулин дар бораи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, шарҳ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg