БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҶОМЕАРО БА РОҲИ СОЗАНДАГӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва аъзои  гурӯҳи таблиғотӣ дар  ташкилоти ибтидоии «Айнӣ» хониши сиёсӣ баргузор карданд.

Зимни вохӯри масъулин иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои дар он зикршуда, аз ҷумла соҳаҳои муҳимми ҷомеа-молия, андоз, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия,  кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти  қонун, амнияти миллӣ, гумрук ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2020 мушаххас гардиданд.

Инчунин, қайд гардид, ки  дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, татбиқи онҳо аз ҳар фарди худогоҳу ватандӯст вобастатгии амиқ дорад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg