БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАВОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии номзади пешниҳоднамуда аз ҲХДТ бо иштироки васеи донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб доир гардид.
 Зимни вохӯрӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу   ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби шахсони боэътимоди номзад муаррифинома ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба аҳли толор расонида шуд.

Дар идома ҳозирин аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки рӯзи интихобот, ки санаи 1.03.2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои арзанда овози худро диҳанд. Мулоқот бо ироаи пешниҳоду дархостҳои сокинон хотима ёфт.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg