КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Пахтакор” бо иштироки интихобкунандагон ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 Шарифҷон Ҳакимзода мулоқот доир карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу чорабинро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки масъулини ҳизб баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати садоқатмандона намуда, бо ташкили ситоди пешазинтихоботии ҳизб барои расидан ба арзу муроҷиатҳои халқ фаъолият бурда истодааст. Ҳамзамон шурӯъ аз санаи 11-уми феврал вохӯриву мулоқотҳои номзад аз ҲХДТ Шарифҷон Ҳакимзода бо сокинон сурат гирифта истодааст. Дар идома шахсони боэътимоди номзад зиндагинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзадҳоро бо аҳли нишаст шинос намуданд. Зикр шуд, ки номзадҳо ҳама аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар пиёда сохтани ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки ҳадафи асосиаш таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст, саҳмгузор хоҳанд буд.